Кӯмаки сафорати Тоҷикистон ба муҳоҷирон ҷиҳати бозгашт ба ватан

Аваз Юлдошев


Рӯзҳои наздик сафорати Тоҷикистон дар Русия гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, онҳоро ба фурудгоҳи «Домодедово»-и Маскав ва вокзали роҳи оҳани Қазон сафарбар месозад.

Тавре аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав хабар доданд, гурӯҳҳои кории мазкур ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҷиҳати бозгашт ба ватан бидуни мушкилоте мусоидат менамоянд, зеро аксари муҳоҷирон бо фаро расидани фасли сармо маҳз тавассути фурудгоҳ ва истоҳи роҳи оҳани зикршуда ба ватан бармегарданд.

Дар сафорат зикр карданд, ки дар мавсими бозгашти оммавии муҳоҷирон ба ватан дар фурудгоҳу истгоҳҳои роҳи оҳан шахсони алоҳида ё гурӯҳҳои шубҳаноке пайдо мешаванд, ки ба муҳоҷирон ёрии худро дар харидани билет, барасмиятдарории бағоч ва интиқоли пули нақд пешниҳод месозанд.

«Солҳои қаблӣ чанде аз муҳоҷирон дар натиҷаи зудбоварии худ ба ваъдаҳои ин ашхосу гурӯҳ фирефта шуда, аз маблағҳои зиёди пулӣ маҳрум гаштаанд», – гуфтанд дар сафорат.

Бо мусоидати намояндагии ВКД-и Тоҷикистон дар Русия, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар дар Маскав ва ҳамчунин мувофиқа бо маъмурияти фурудгоҳи «Домодедово» ва истгоҳи роҳи оҳани Қазон навбатдории ҳамарӯзаи ин гурӯҳҳо ташкил карда мешавад.

«Мо аз шаҳрвандони тоҷик даъат мекунем, ки аз хизмати ашхоси ношиноси «дилсӯз» даст кашида, дар сурати ба мушкилот дучор шудан ба аъзои гурӯҳҳои мазкур муроҷиат намоянд», – афзуд манбаъ.

Дар зер рақами телефонҳое оварда шудаанд, ки дар сурати ба мушкилот дучор омадан ҳамватанони мо метавонанд ба он занг зананд: 8-926 798 67 85; 8-925 078 53 45; 8-903 763 87 56; 8-925 879 40 20; 8-926 153 99 71; 8-910 416 75 54; 8-926 349 33 28; 8 -926 339 55 68. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 51

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳуми ин асари...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2026

Имрӯз дар маркази Душанбе ва ҳама навоии он чорабиниҳои наврӯзӣ доир мешавад.

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.