Тӯҳфаҳои раиси вилоят ба пахтакорони пешқадами ноҳияи Конибодом

Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳри Конибодом сафари корӣ намуда, бо меҳнаткашони шаҳр, пахтакорони меҳнатқарин мулоқот намуд ва дар маъракаи кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо иштирок намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, Қоҳир Расулзода дар тантанаи кишоварзони ноҳия, ки дар бошишгоҳи саҳроии бригадаи […]

ASIA-Plus


Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳри Конибодом сафари корӣ намуда, бо меҳнаткашони шаҳр, пахтакорони меҳнатқарин мулоқот намуд ва дар маъракаи кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо иштирок намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, Қоҳир Расулзода дар тантанаи кишоварзони ноҳия, ки дар бошишгоҳи саҳроии бригадаи рақами 11-и хоҷагии деҳқонии ба номи Энаҷон Бойматова баргузор гардид, иштирок намуда, пахтакорони шаҳрро барои ғалабаи меҳнатӣ, таъмини саривақтии нақшаи солона аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  табрику муборакбод намуда, барояшон сарбаландию сиҳатмандӣ таманно намуд. Зикр бояд намуд, ки кишоварзони меҳнатқарини шаҳр соли дуввум аст, ки аз ӯҳдаи иҷрои нақшаи солонаи пахтасупорӣ баромада, соҳиби обрӯю эътибор мегарданд.

Зикр бояд намуд, ки то ба имрӯз кишоварзони шаҳр дар майдони 7 226 гектар пумбадона кишт намуда, ба хирмани «тиллои сафед»-и вилоят зиёда аз 13,3 ҳазор тонна пахта супориданд, ки ин 106,9 фоизи нақшаи солонаро  ташкил медиҳад.

Раиси вилоят дар вазъияти мутантан ба пешқадамони маъракаи ҳосилғундорӣ, аз ҷумла ба раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи М.Назаров Эралӣ Маҳмудов, раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии “Ирам” Раҳимбой Акрамов, ба механизаторон Ҳамроҳбой Ҳоҷиев аз Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи М.Назаров Ҷаҳонгир Толибов аз Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии “Канди кӯҳан”, ба чинакчиёни пешқадам Малика Расулҷонова аз хоҷагии деҳқонии ба номи Исоев ва Гулсара Абдусамадова аз хоҷагии деҳқонии Нозимсаркор тӯҳфаҳои арзанда – мошини сабукрав, телевизор ва мошини дарздӯзӣ тӯҳфа намуд.

Ҳамчунин аз номи Раиси вилоят ба идораи маорифи шаҳр 10 адад компютер ва 2 адад принтер тақдим гардид.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд чӣ гуфт?

Ҳоким Холиқзода гуфт, “Роғун” ба унсури калидии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.