Кӯмаки сафорати Тоҷикистон ба муҳоҷирон ҷиҳати бозгашт ба ватан

Рӯзҳои наздик сафорати Тоҷикистон дар Русия гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, онҳоро ба фурудгоҳи «Домодедово»-и Маскав ва вокзали роҳи оҳани Қазон сафарбар месозад. Тавре аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав хабар доданд, гурӯҳҳои кории мазкур ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҷиҳати бозгашт ба ватан бидуни мушкилоте мусоидат менамоянд, зеро аксари муҳоҷирон бо фаро расидани фасли сармо маҳз […]

Аваз Юлдошев


Рӯзҳои наздик сафорати Тоҷикистон дар Русия гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, онҳоро ба фурудгоҳи «Домодедово»-и Маскав ва вокзали роҳи оҳани Қазон сафарбар месозад.

Тавре аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав хабар доданд, гурӯҳҳои кории мазкур ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҷиҳати бозгашт ба ватан бидуни мушкилоте мусоидат менамоянд, зеро аксари муҳоҷирон бо фаро расидани фасли сармо маҳз тавассути фурудгоҳ ва истоҳи роҳи оҳани зикршуда ба ватан бармегарданд.

Дар сафорат зикр карданд, ки дар мавсими бозгашти оммавии муҳоҷирон ба ватан дар фурудгоҳу истгоҳҳои роҳи оҳан шахсони алоҳида ё гурӯҳҳои шубҳаноке пайдо мешаванд, ки ба муҳоҷирон ёрии худро дар харидани билет, барасмиятдарории бағоч ва интиқоли пули нақд пешниҳод месозанд.

«Солҳои қаблӣ чанде аз муҳоҷирон дар натиҷаи зудбоварии худ ба ваъдаҳои ин ашхосу гурӯҳ фирефта шуда, аз маблағҳои зиёди пулӣ маҳрум гаштаанд», – гуфтанд дар сафорат.

Бо мусоидати намояндагии ВКД-и Тоҷикистон дар Русия, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар дар Маскав ва ҳамчунин мувофиқа бо маъмурияти фурудгоҳи «Домодедово» ва истгоҳи роҳи оҳани Қазон навбатдории ҳамарӯзаи ин гурӯҳҳо ташкил карда мешавад.

«Мо аз шаҳрвандони тоҷик даъат мекунем, ки аз хизмати ашхоси ношиноси «дилсӯз» даст кашида, дар сурати ба мушкилот дучор шудан ба аъзои гурӯҳҳои мазкур муроҷиат намоянд», – афзуд манбаъ.

Дар зер рақами телефонҳое оварда шудаанд, ки дар сурати ба мушкилот дучор омадан ҳамватанони мо метавонанд ба он занг зананд: 8-926 798 67 85; 8-925 078 53 45; 8-903 763 87 56; 8-925 879 40 20; 8-926 153 99 71; 8-910 416 75 54; 8-926 349 33 28; 8 -926 339 55 68. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд чӣ гуфт?

Ҳоким Холиқзода гуфт, “Роғун” ба унсури калидии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.