Ҷопон барои таъмири мактаби Балҷувон 112 ҳазор $ маблағ ҷудо мекунад

Ҳукумати Ҷопон барои таъмири мактаби таҳсилоти умумӣ дар ноҳияи Балҷувон 112 ҳазор доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад. Дар ин бора қарордоди бурсӣ оид ба татбиқи лоиҳаи таъмиру таҷдиди мактаби таҳсилоти умумии № 10 дар деҳаи Сари Мазор ба имзо расид, ки мутобиқи он дар чаҳорчӯби кӯмаки ройгони лоиҳаҳои таъмини амнияти гуманитарӣ барои қишри васеи аҳолӣ […]

ASIA-Plus


Ҳукумати Ҷопон барои таъмири мактаби таҳсилоти умумӣ дар ноҳияи Балҷувон 112 ҳазор доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад.

Дар ин бора қарордоди бурсӣ оид ба татбиқи лоиҳаи таъмиру таҷдиди мактаби таҳсилоти умумии № 10 дар деҳаи Сари Мазор ба имзо расид, ки мутобиқи он дар чаҳорчӯби кӯмаки ройгони лоиҳаҳои таъмини амнияти гуманитарӣ барои қишри васеи аҳолӣ маблағи зикршуда ҷудо мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, мактаби деҳаи Сари Мазор соли 1986 бунёд гардида, бино кӯҳнаву фарсуда ва бар асари сифати пасти сохтмон боми он корношоям ва дар фарш тарқишҳо пайдо шудаанд. Ғайр аз ин, шумори толибилмон аз ғунҷоиши мактаб зиёдтар буда, хонандагони синфҳои 10 ва 11 дар мактаби деҳаи ҳамсоя таҳсил мекунанд.

Дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур бинои нави мактаб бо шаш синф ва ду ҳуҷраи корӣ барои ҳайати шахсии мактаб сохта мешавад. Ғайр аз ин, мактаб бо таҷҳизоти таълимӣ, аз қабили мизу курсӣ ва тахтаи синфӣ низ таъмин карда хоҳад шуд.

Зимни пешниҳоди кӯмаки бебозгашти лоиҳаи амнияти гуманитарӣ барои қишри васеъи аҳолӣ бештар ба ҳокимияти маҳаллӣ, муассисаҳои маърифативу тандурустӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта афзалият дода мешавад. Шурӯъ аз соли 1996 дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур ҳукумати Ҷопон 273 лоиҳаҳои гуманитарӣ ба маблағи умумии 20 млн. доллари ИМА-ро дастгирӣ кард, ки баҳри рушди Тоҷикистон нигаронида шуда буданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.