Тӯҳфаи соҳибкорони тоҷик ба Маркази миллии тиббӣ

Соҳибкорони тоҷик ба Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) таҷҳизоти нави муосири тиббӣ тақдим намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, таҷҳизот аз ду навъи томограф, дастгоҳи рентгенӣ ва дастгоҳи таҳқиқи ултрасадо иборат буда, ин таҷҳизот нисбат ба таҷҳизоти мавҷуда дар беморхонаи ёрии таъҷилии тиббӣ пуриқтидортар аст. «Агар дар таҷҳизоти […]

Меҳрангез Турсунзода


Соҳибкорони тоҷик ба Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) таҷҳизоти нави муосири тиббӣ тақдим намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, таҷҳизот аз ду навъи томограф, дастгоҳи рентгенӣ ва дастгоҳи таҳқиқи ултрасадо иборат буда, ин таҷҳизот нисбат ба таҷҳизоти мавҷуда дар беморхонаи ёрии таъҷилии тиббӣ пуриқтидортар аст.

«Агар дар таҷҳизоти мавҷудаи қаблӣ танҳо беморони вазнашон то 80 кило метавонистанд муоина шаванд, акнун чунин имкон ба беморони вазнашон то 160 кило низ муҳайё гардид», – гуфтанд дар маркази матбуоти вазорат.

Ба гуфтаи директори Маркази миллии тиббӣ Абдукарим Шехов, қаблан шаҳрвандони кишвар барои муоина ба давлатҳои гуногун мерафтанд ва имконоти беморхонаи ёрии таъҷилӣ низ нокофӣ буд, зеро беморонро лозим меомад, ки муддати зиёд навбатпойӣ намоянд.

«Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки маркази мо шабонарӯзӣ фаъолият карда, арзиши муоина низ барои шаҳрвандон дастрас хоҳад буд», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.