Мулоқоти дипломати тоҷик бо вазири корҳои хориҷии Белгия

Дар Брюссел Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Стивен Ванакере мулоқот баргузор намуд. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, инвеститсионӣ, маориф, илм ва фарҳанг муҳокима карданд. […]

ASIA-Plus


Дар Брюссел Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Стивен Ванакере мулоқот баргузор намуд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, инвеститсионӣ, маориф, илм ва фарҳанг муҳокима карданд.

 Сипас Сафир дар бораи дастовардҳои кишвар дар солҳои истиқлолият, имконоти иқтисодиву гидроэнергетикӣ, фазои мусоиди сармоягузорӣ дар мамлакат, нақши калидии Тоҷикистон дар таъмини амнияти Осиёи Марказӣ, мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, саҳми кишвар дар бозсозии иқтисодию иҷтимоии Афғонистон маълумоти муфассал пешкаш намуд. Ҳамзамон, Р. Солиев ба мусоҳибаш роҷеъ ба рушди пайгиронаи муносиботи бисёрсамтаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ахборот дод.

 Стивен Ванакере ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши робитаҳои мутақобилан судманди миёни Белгия ва Тоҷикистонро мусбат арзёби намуда, омодагии мамлакаташро баҳри тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои бисёрсамтаи дуҷониба изҳор дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.