Ғаффор Мирзоев гуруснанишинӣ эълон карданист

Ғаффор Мирзоев, ки соли 2006-ум маҳкум гардида буд, шарҳи ҳукми нисбат ба ӯ содиршударо талаб дорад. Оишамоҳ Мирзоева, хоҳари собиқ роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки Ғаффор Мирзоев ҷиҳати бознигарии парвандааш ташкили комиссияи махусус дар ҳайати намояндагони суд, мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти марбутаро […]

Ҳайдар Шодиев


Ғаффор Мирзоев, ки соли 2006-ум маҳкум гардида буд, шарҳи ҳукми нисбат ба ӯ содиршударо талаб дорад.

Оишамоҳ Мирзоева, хоҳари собиқ роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки Ғаффор Мирзоев ҷиҳати бознигарии парвандааш ташкили комиссияи махусус дар ҳайати намояндагони суд, мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти марбутаро талаб хоҳад кард.

«Ман рӯзи 5-уми октябр бародарамро дидам. Ӯ гуфт, ки бо чанд моддаи ҳукми суд розӣ нест. Ба ин хотир, ба Суди конститутсионӣ, Маҷлиси олӣ, Суди олӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ муроҷиат карда, хоҳиш намудааст, то дар ҳукми судаш таҷдиди назар шавад. Вале азбаски посухи муфассал ва асоснок ироа нагаштааст, Ғаффор хоҳиш кард, комиссияи махсус ташкил карда шавад», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ бародараш иброз доштааст, ки агар ин комиссия ҳам ба дархости ӯ расидагӣ накунаду дар муддати як моҳ бо ӯ сӯҳбат накунад, вай ба гуруснанишинӣ даст хоҳад зад.

«Мо ҳама умед доштем, ки бо қабули қонуни афв бародари маро афв мекунанд, вале ин тавр нашуд. Вале бо назардошти хизматҳои ӯ ба ватан, ин корро кардан мумкин буд», – гуфт О.Мирзоева.

Ёдрас мекунем, ки собиқ фармондеҳи Горди президентӣ ба нақзи 30 моддаи Кодекси ҷиноятӣ айбдор гардид ва ба ҳабси абад маҳкум шуд. Ҳамроҳи Ғаффор Мирзоев 15 нафар афсари дигари Горд низ ба муддатҳои гуногун зиндонӣ гардиданд, ки дар миёни онҳо чанд нафар пайвандонаш низ буданд. Соле қабл бародараш Абдурасул Мирзоев аз Аморати Муттаҳидаи Араб оварда шуда, ба мӯҳлати 30 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Баъдтар ӯ ҳамроҳи 25 нафар аз боздошгоҳи муваққатӣ моҳи августи соли гузашта фирор кард, вале баъд ба даст афтид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.