Бар асари сӯхтор бозори марказии Хоруғ қариб пурра нобуд гардид

Date:


Бар асари сӯхтор бозори марказии маркази маъмурии Вилояти Муҳтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ қариб пурра нобуд гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, сӯхтор шаби 22-юми октябр дар қаламрави бозори марказии шаҳри Хоруғ сар задааст. «Оташ 1 ҳазору 300 метри мураббаъи қаламрави бозорро фаро гирифта, чаҳор ошхона, 18 нуқтаи савдо ва як маркази тиҷоратӣ пурра нобуд шудаанд», – гуфтанд дар ВКД.

Ба иттилои манбаъ, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Бино ба маълумоти пешакӣ, хисороти моддӣ аз сӯхтор 800 ҳазор сомонӣ (беш аз 168 ҳазор доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад. Сабабҳои сар задани сӯхтор муайян карда мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...