Гумонбарии мудири дорухонаи яке аз қисмҳои низомии Суғд ба ришваситонӣ

Мавлуда Рафиева


Мудири дорухонаи яке аз қисмҳои низомии вилояти Суғд ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 2 ҳазор доллари ИМА бо далели шайъӣ боздошт гардид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-плюс» аз Раёсати умури дохилии вилоят хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Истаравшан аз номи сокини ҳамин шаҳр Ш.З. ариза ворид гардидааст. «Дар ариза зикр шудааст, ки мудири дорухонаи қисми низомии 2042-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ прапоршик Р.Г. ваъда додааст, ки ба ивази 2 ҳазор доллари ИМА ба сокини 21-солаи шаҳри Истаравшан билети ҳарбӣ гирифта медиҳад», – гуфтанд дар РКД.

Ҳангоми гирифтани маблағи пулӣ гумонбаршуда боздошт гардида, далели шайъӣ мусодира гардид. Нисбат ба мудири дорухона аз ҷониби прокуратураи гарнизони вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.