Гумонбарии мудири дорухонаи яке аз қисмҳои низомии Суғд ба ришваситонӣ

Мудири дорухонаи яке аз қисмҳои низомии вилояти Суғд ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 2 ҳазор доллари ИМА бо далели шайъӣ боздошт гардид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-плюс» аз Раёсати умури дохилии вилоят хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ, ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Истаравшан аз номи сокини ҳамин шаҳр Ш.З. ариза ворид гардидааст. «Дар […]

Мавлуда Рафиева


Мудири дорухонаи яке аз қисмҳои низомии вилояти Суғд ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 2 ҳазор доллари ИМА бо далели шайъӣ боздошт гардид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-плюс» аз Раёсати умури дохилии вилоят хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Истаравшан аз номи сокини ҳамин шаҳр Ш.З. ариза ворид гардидааст. «Дар ариза зикр шудааст, ки мудири дорухонаи қисми низомии 2042-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ прапоршик Р.Г. ваъда додааст, ки ба ивази 2 ҳазор доллари ИМА ба сокини 21-солаи шаҳри Истаравшан билети ҳарбӣ гирифта медиҳад», – гуфтанд дар РКД.

Ҳангоми гирифтани маблағи пулӣ гумонбаршуда боздошт гардида, далели шайъӣ мусодира гардид. Нисбат ба мудири дорухона аз ҷониби прокуратураи гарнизони вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.