Аз пулҳои «Роғун» беш аз 19 млн. сомонӣ фоида ба даст оварда шуд

Заррина Эргашева

Аз маблағҳои пулӣ барои сохтмони нерӯгоҳи «Роғун», ки дар суратҳисобҳои депозитии шаш бонки кишвар гузошта шуда буданд, 19 млн. 220 ҳазор сомонӣ фоида ба даст оварда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ин маблағҳо феълан дар бахши хазинадории Вазорати молияи кишвар, дар суратҳисоби ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии «Роғун»  нигаҳдорӣ мешаванд. «Дар […]


Аз маблағҳои пулӣ барои сохтмони нерӯгоҳи «Роғун», ки дар суратҳисобҳои депозитии шаш бонки кишвар гузошта шуда буданд, 19 млн. 220 ҳазор сомонӣ фоида ба даст оварда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ин маблағҳо феълан дар бахши хазинадории Вазорати молияи кишвар, дар суратҳисоби ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии «Роғун»  нигаҳдорӣ мешаванд.

«Дар маҷлиси умумии саҳҳомон масъалаи тақсимоти ин маблағ миёни саҳмдорон ҳал карда мешавад ё саҳҳомон дар бораи ба сохтмони иншоот равона гардидани маблағи фоида аз суратҳисобҳои депозитӣ қарор қабул мекунанд», – гуфтанд дар вазорат.

Маблағи ба суратҳисоби ҶСК «НОБ-и Роғун» аз фурӯши саҳмияҳо воридшуда ҳудуди 895 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо аввали соли равон 65 млн. сомонӣ бештар аст.

Саҳмдори асосии ҶСК «НОБ-и Роғун» давлат буда, 75%-и саҳмияҳои назоратиро дар ихтиёр дорад ва он дар таносуби пулӣ 4,5 млрд омониро ташкил медиҳад. «Ин маблағҳо марҳила ба марҳила аз буҷет ба сохтмони нерӯгоҳ равона мегарданд, – гуфт манбаъ. – Ҳиссаи боқимондаи 25% ё 1,5 млрд. сомонӣ саҳмияҳои нашршуда мебошанд, ки ҳамаи хоҳишмандон метавонанд аз он харидорӣ намоянд».

Бино ба маълумоти Вазорати молияи кишвар, айни замон дар суратҳисобҳои депозитии шаш бонки ҷумҳурӣ 237 млн. сомонӣ маблағҳои пули ҶСК «НОБ-и Роғун»  ҷойгир шудаанд.

Шурӯъ аз оғози идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ба он аз ҳисоби буҷети давлатӣ 2,5 млрд. сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Соли 2012 барои идомаи сохтмони ин иншоот ҷудо гардидани 850 млн. сомонӣ аз ҳисоби буҷет пешбинӣ мешавад.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.