Сафари панҷрӯзаи як ҳайати вакилони Бундестаги Олмон ба Тоҷикистон

Як ҳайати вакилони Бундестаги Олмон таҳти сарварии раиси Кумита оид ба дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва кумаки башардӯстона Ангелика Граф бо сафари панҷрӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар пойтахти Тоҷикистон вакилони парлумони Олмон нахуст бо раисони кумита ва комиссияҳои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадалӣ Ватанов, Марҳабо Ҷабборова, Олим Салимзода ва Азизмат Имомов гуфтушунид мекунанд. Бино […]

Аваз Юлдошев


Як ҳайати вакилони Бундестаги Олмон таҳти сарварии раиси Кумита оид ба дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва кумаки башардӯстона Ангелика Граф бо сафари панҷрӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Дар пойтахти Тоҷикистон вакилони парлумони Олмон нахуст бо раисони кумита ва комиссияҳои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадалӣ Ватанов, Марҳабо Ҷабборова, Олим Салимзода ва Азизмат Имомов гуфтушунид мекунанд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти МН МО ҶТ, дар ҷараёни мулоқоту гуфтушунидҳо вакилони парлумони кишварҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва вазъи минтақаи Осиёи Марказиву Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Ба иттилои манбаъ, вакилони парлумони Олмон ҳамчунин бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳзоби сиёсӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ низ дидору гуфтушунид хоҳанд кард.

Бундестаг мақомоти олии намояндагии Ҷумҳурии Федералии Олмон буда, ба мӯҳлати 4 сол интихоб мешавад. Айни замон шумори вакилон дар Бундестаг 622 нафарро ташкил медиҳад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.