Оғози сохтмони пули 6-ум миёни Тоҷикистону Афғонистон

Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон барои оғози сохтмони пули навбатии мошингарди миёни Тоҷикистону Афғонистон ба ноҳияи Шуроободи вилояти Хатлон сафар кард. Хотиррасон бояд намуд, ки пули Шурообод баъди пулҳои Хорўғ, Ишкошим, Қалъаи Хумб, Ванҷ ва Панҷи Поён пули 6 – уми мошингард дар болои рўди Панҷ миёни Тоҷикистону Афғонистон хоҳад буд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон барои оғози сохтмони пули навбатии мошингарди миёни Тоҷикистону Афғонистон ба ноҳияи Шуроободи вилояти Хатлон сафар кард.

Хотиррасон бояд намуд, ки пули Шурообод баъди пулҳои Хорўғ, Ишкошим, Қалъаи Хумб, Ванҷ ва Панҷи Поён пули 6 – уми мошингард дар болои рўди Панҷ миёни Тоҷикистону Афғонистон хоҳад буд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, барои иштирок дар оғози сохтмони ин пули азим, ки ба дарозии 182 метр дар мавзеи Дашти Ҷуми ноҳияи Шурообод бунёд меёбад, ҳамроҳи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҷо, ҳамчунин пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4, Вазири фавоиди оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулқуддус Ҳамидӣ, як гурўҳ сафирони давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва дигар меҳмонони воломақом ташриф оварданд.

Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон, пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4 ва Вазири фавоиди оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулқуддус Ҳамидӣ бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди пули 6 – уми миёни Тоҷикистону Афғонистон оғоз бахшиданд.

Тавре зикр гардид, пули нави 182 метра бо 500 метр роҳи нави аз шоҳроҳи мошингарди Кўлоб – Қалъаи Хумб то лаби рўди Панҷ бо харҷи беш аз 17 миллион сомонӣ маблағҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷумҳурии Федеролии Олмон ва Хазинаи Оғохон дар зарфи 11 моҳ бунёд хоҳад ёфт. Иқтидори борбардории пул, ки бо усули овезон сохта мешавад, баробари 30 тонна хоҳад буд.

Сипас Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Оби Ниҳоли ноҳияи Шўрообод ташриф оварда, ба навсозии қитъаи 40 километраи Шўрообод – Шоҳони  шоҳроҳи байналмилалии Кўлоб -Қалъаи Хумб – Хорўғ – Кулма – сарҳади Чин оғоз бахшид.

 Тавре зикр гардид, қитъаи мазкури ин шоҳроҳ бо харҷи 440 миллион сомонӣ ё худ 93 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои муассисаҳои байналмилалии молиявӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 2 соли оянда мавриди навсозӣ қарор мегирад. Дар ин қитъаи роҳ, ҳамчунин 9 пул ба дарозии умумии 1064 метр бунёд меёбад. Бузургтарини онҳо пули Оби Ниҳол хоҳад буд, ки дарозиаш 264 метр мебошад. Дар зери 72 ҷойи роҳ, ҳамчунин қубурҳои калони обгузар хобонда мешаванд, ки барои ҳифзи он аз селу обхезӣ пешбинӣ шудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки пули 6 – уми миёни Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Шўрообод қитъаи 40 километраи шоҳроҳи Кўлоб – қалъаи Хумб бо 9 пули бузург бояд бо сифати баланд ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ дар муҳлати муайяншуда, навсозӣ шуда, мавриди баҳрабардории мардум қарор бигирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.