Ағбаи Шаҳристон расман баста шуд

Бо мақсади таъмини амнияту бехатарӣ, шурӯъ аз 30-юми октябри соли равон ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаи Шаҳристон, ки шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои водии Зарафшонро бо минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мепайвандад, расман баста эълон гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД-и ҷумҳурӣ Муҳаммадҷон Назриев хабар дод, ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаи Шаҳристон бинобар […]

Аваз Юлдошев


Бо мақсади таъмини амнияту бехатарӣ, шурӯъ аз 30-юми октябри соли равон ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаи Шаҳристон, ки шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои водии Зарафшонро бо минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мепайвандад, расман баста эълон гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД-и ҷумҳурӣ Муҳаммадҷон Назриев хабар дод, ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаи Шаҳристон бинобар барфрезии шадид тайи се рӯзи ахир дар ин мавзеъ манъ карда шудааст.

Ба қавли номубрда, бинобар манъи ҳаракати нақлиёт, аз ду ҷониби ағба қатори бисёркилометраи мошинҳо ҷамъ омадаанд.

Дар ҳамин ҳол, санаи дақиқи иҷозати ҳаракати нақлиёт тавассути ағба маълум нест. «Хадамоти дахлдор ба корҳои тозакунии роҳ  аз барф машгуланд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар фурсати наздиктарин ҳаракати нақлиётро барқарор созанд», – афзуд Назриев.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.