Мавқеъи Медведев нисбат ба қазияи ҳукм ба халабони русиягӣ

Date:


Президенти Русия Дмитрий Медведев зимни мулоқот бо блогерҳо изҳор кард, ки ба низоми судии Тоҷикистон дахолат карданӣ нест, лекин ҳукми содиршуда нисбат ба халабони русиягӣ «нофаҳмиҳои зиёд дорад».

«Ҳукми мазкур ҳам аз лиҳози аломатҳои содир шудани ҷиноят ва ҳам аз нигоҳи ҷараёни баргузории мурофиа нофаҳмиҳои зиёд дорад. Аз ин рӯ, мо посухи расмии Тоҷикистонро, ки бо он муносибатҳои дӯстонаву ҳамкорӣ дорем, интизор мешавем ва сипас натиҷагириву қарор қабул хоҳем кард. Қарорҳо бошанд, метавонанд ҳар гуна бошанд», – гуфтааст ӯ дар посух ба суоли блогерҳо дар ин маврид.

Ӯ зикр кардааст, ки ба Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати адлия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бобати расидагӣ кардан ба ин масъала супоришҳои дахлдор додаст. «Ман ба онҳо супориш додам, ки ба ин кор ҷиддӣ машғул шаванд. Онҳо бояд бо намояндагони мақомоти дахлдори Тоҷикистон дар робита ба ин масъала гуфтушунид кунанд», – афзудааст Дмитрий Медеведев.

Қаблан нашрияи ВЗГЛЯД хабар дода буд, ки як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтааст, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров кӯшиш дорад, ки дар робита ба ин масъала бо ҳамтои тоҷики худ тамоси телефонӣ бигирад, вале ин ба ӯ то ҳол муяссар нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки додгоҳи Қӯрғонтеппа ду халабони ширкати «Ролкан Инвестмент ЛТД» – шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро ба даҳуним соли зиндон маҳкум карда, бо истифода аз қонуни афви Тоҷикистон, мӯҳлати ҷазои онҳоро ду солӣ кам – то ҳаштунимсолӣ таъин кард. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Таблиғот ва рӯҳияи бегонаситезӣ”. Омили муассири куштори Қобилҷон Алиев дар Русия чӣ аст?

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷиноятҳои мудҳиш дар заминаи...

Юсуфшо Яъқубов: Ҷойи Раҳим Масов холӣ аст

Чанд сол аст, бархе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод доранд,...

Оё оташбас поёни ҷанг аст? Сабақҳо аз ҷанги Исроил бо Эрон

Даргирие, ки 13-уми июн бо ҳуҷуми ногаҳонии Исроил ба...

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст....