Рондани 57 нафармуҳоҷирони корӣ аз Русия дар зарфи панҷ рӯз

Date:


Дар зарфи панҷ рӯз (11-16-уми ноябр) аз Русия ба Тоҷикистон 57 нафар муҳоҷирони кории тоҷик, аз ҷумла 14 нафар мутобиқи қарори додгоҳ барои риоя накардани реҷаи будубош дар қаламрави Русия, ба ватан фиристода шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Раёсати назорати муҳоҷирати Хадамоти муҳоҷирати назди президенти Тоҷикистон Сафарбек Тоҳиров хабар дод, азт ин шумор ду нафар тариқи қатора ба вилояти Суғд ва ду нафари дигар тавассути ҳавоаймо ба ватан баргашта, ба 43 нафари боқимонда иҷозати вуруд ба қаламрави Русия дода нашудааст.

«Аксари шаҳрвандони мо бинобар сабти ном надоштан, такроран даст задан ба ҷиноёти маъмурӣ аз Русия ронда мешаванд», – гуфт ӯ.

Номбурда хотирнишон сохт, ки аз 8 то 11-уми ноябр  мутобиқи қарори судҳо 13 нафар шаҳрвандони тоҷик аз Русия ба ватан истирдод шуданд. «Сабаби аслии рондани онҳо риоя накардан қоидаҳои будубош дар қаламрави Русия мебошад», – афзуд Тоҳиров.

Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ, айни замон дар қаламрави Русия 1 млн. 32 ҳазору 620 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон будубош доранд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...