Адвокатҳои Тоҷикистон зимни дастрасӣ ба боздоштшудагон ба монеа дучор меоянд

Date:


Иштирокчиёни мизи гирд таҳти унвони «Дастрасии адвокат ба боздоштшуда», ки рӯзи 29-уми ноябр дар шаҳри Душанбе доир гардид, ба хулосае расиданд, ки барои ҳалли мушкилоти дастрасии адвокатҳо ба боздоштшудагон мавқеи фаъолонаи ҷомеаи адвокатҳо зарур аст.

Дар чорабинии мазкур намояндагни Прокуратураи генералӣ, Шӯрои адлия, Вазорати корҳои дохилӣ, ҳайати мушовараи адвокатҳо ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ иштирок карданд.

Иштирокчиёни мизи гирд натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи кориро баррасӣ карданд, ки моҳи апрели соли 2011 дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳаи «Дастрасӣ ба дифоъ аз ҳуқуқ ва ислоҳоти судӣ» бо иштироки намояндагони Марказ оид ба ҳуқуқи инсон, Лигаи занони ҳуқуқшинос, Дафтар оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният ва созмони ҷамъиятии «Мададгор» бо дастгирии Ассотсиатсияи Швейтсария оид ба ҳамкории байнулмилалии «Хелветас» ташкил гардида буд.

«Мушкилоти дастрасии адвокат ба боздоштшуда имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим дар низоми истеҳсолоти судии Тоҷикистон ба шумор меравад, – қайд кард Ҷаъфар Юлдошев, ҳуқуқшиноси созмони ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқи инсон. — Шахси боздоштшуда бидуни дастрасӣ ба адвокат ва хешовандону наздикон бо ҷаҳони беруна робитаи мукаммал дошта наметавонад, ӯ хабар дода наметавонад, ки нисбат ба ӯ чӣ гуна методҳои ғайриқонунӣ истифода мешаванд. Ва агар нуфузи муассисаҳои давлатӣ ба ваколатҳои ҳокимият ва дастгирии тамомо дастгоҳ такя намояд, пас нуфузи адвокатура танҳо як такя дорад – эътимоди ҷомеа».

Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи корӣ миёни беш аз 50 нафар адвокатҳо аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар бораи вазъи воқеӣ дар масъалаи дастрасии ҳимоягарон ба боздоштшудагон назарсанҷӣ гузаронида, ҳамчунин аз маълумоти заминаи «Хелветас» истифода намуд, ки мудом бо маълумот аз 9 қабулгоҳи кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ мукаммал мегардад.

Татяна Хатюхина, ҳуқуқшиноси Марказ оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Хуҷанд изҳор кард, ки дар Кодекси мурофиавӣ-ҷиноии ҶТ муқаррароте дарҷ ёфтааст, ки мутобиқи он ба адвокат ба иштирок дар парвандаи ҷиноӣ аз замони боздошти воқеии шахси гумонбаршуда роҳ дода мешавад, вале дар кодекс ифодаи муайяни он дода намешавад.

«Шахси боздоштшуда чун пешин танҳо аз замони тартиб додани протокол мақоми муайяни ҳуқуқиро доро мешавад. То қабули қарор дар бораи боз кардани парвандаи ҷиноӣ, санад (протокол)-и боздошт тартиб дода намешавад, ки худи ҳамин ба мушкилоти дастрасӣ ба адвокат оварда мерасонад», – гуфт ӯ.

Намояндаи Прокуратураи генералӣ Тоҳирҷон Акобиров ба ҷой доштани баъзе мушкилот дар масъалаи дастрасии адвокат ба боздоштшуда розӣ шуд. «Мутаасифона, дар таҷриба, бахусус замоне, ки масъала ба маводи мухаддир дахл дорад, то гирифтани хулосаи ташхис, бархе аз муфаттишон санади боздоштро таҳия намекунанд. Ин амал танҳо пас аз 12 соат ва баъзан бо гузашти як шабонарӯз сурат мегирад. Албатта ин ҷо дар қонунгузорӣ дар масъалаи аз кадом замон шаҳрвандро воқеӣ боздоштшуда ҳисобидан камбудӣ ҳаст», – гуфт номбурда.

Қобили зикр аст, ки чунин чорабиниҳо моҳи октябри соли равон инчунин дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд низ доир гардиданд. Пешниҳодоту тавсияҳои иштирокчиёни се мизи гирд аз ҷониби кормандони сохтори махсус оид ба ҳимояи манфиатҳои Маркази оид ба ҳуқуқи инсон ҷамъоварӣ гардида, дар фурсати наздиктарин ба парлумони кишвар, Дастгоҳи сарвари давлат ва дигар мақомоти давлатӣ равона мегарданд.

     

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related