Созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон бо изҳороти кушод ба сарвари давлат муроҷиат карданд, ки дар он роҷеъ ба пурра бекор сохтани ҳукми қатл дар кишвар далелҳо оварда мешаванд.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки 30-юми ноябри соли равон ҳудуди 1,5 ҳазор шаҳр, 87 кишвар ва 66 пойтахти кишвари ҷаҳон дар аксия таҳти унвони «Шаҳрҳо барои ҳаёт – шаҳрҳо муқобили ҳукми қатл» иштирок карда, бо ин амал арзиши ҳаётро эътироф месозанд ва муқобили ҳукми қатл будани худро нишон медиҳанд.
Дар таърихи 11-уми ноябри соли 2010 Кумитаи сеюми СММ қатънома дар бораи эълони моратория ба истифодаи ҳукми қатлро қабул кард. Кумита аз кишварҳои иштирокчӣ даъват ба амал овард, ки «ба истифодаи ҳукми қатл моратория ҷорӣ намоянд». Қатъномаи мазкур бо 107 раъйи «ҷонибдор», 38 раъйи «муқобил» ва 36 раъйи «бетараф» қабул шуд.
Муаллифони изҳорот мӯътақиданд, ки аз ҷониби Тоҷикистон дастгирӣ шудани қатънома тарафдории ҳукуматдорони тоҷик ба бекор кардани ҳукми қатлро нишон дода, он мутобиқи тамоили умумиҷаҳонӣ аст.
Соли 2010 созмони Amnesty International коҳиши шумори ҳукми қатлро сабт кардааст, ки шумори онҳо дар соли 2010 714 ҳолат ва дар соли 2010 527 ҳолатро ташкил додааст.
Имрӯз солгарди нахустин бор дар таърих бекор кардани ҳукми қатлро таҷлил мекунанд, ки ин қарор соли 1786 аз ҷониби Герсоги бузург Тосканский қабул гардида буд. «Аз фурсат истифода бурда, изҳори хушнудӣ мекунем, ки аз замони қабули моратория ба иҷрои ҳукми қатл дар Тоҷикистон ягон ҳукми қатл мавриди амал қарор нагирифтааст», – омадааст дар изҳорот.
Моҳи апрели соли 2010 Гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиши ҷанбаҳои иҷтимоиву ҳуқуқии бекор сохтани ҳукми қатл дар ҶТ таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он намояндагони калидии ҳукумати иҷроия ва судӣ ва ҳамчунин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шомил гардиданд. Қобили зикр аст, ки гурӯҳи кории мазкур дар чаҳорчӯби фаъолияти худ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкории хубу муфидро ба роҳ монд.
Созмонҳое, ки аз изҳороти мазкур ҷонибдорӣ кардаанд, муқобили ҳукми қатл бидуни истисно дар ҳама гуна ҳолатҳоянд. «Ҳама гуна ҳукми қатл – хору залил кардани арзишҳои инсонӣ аст. Мо зарурати пешгирии содир шудани ҷиноёти вазнинро эътироф менамоем, вале ҳукми қатл ин мушкилотро ҳал намесозад. Ҳеҷ далели возеҳе мавҷуд нест, ки аз пурсамартар будани истифодаи ҳукми қатл дар пешгирии ҷиноятҳо нисбат ба дигар ҷазоҳо бозгӯ бошад. Пурра бекор сохтани ҳукми қатл иқдоми муҳими таърихӣ буда, ба таҳкими назарраси ҳифзи ҳуқуқҳои инсонии наслҳои ояндаи шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд», – гуфта мешавад дар изҳорот.
Дар зери изҳорот Фонди ҷамъиятии «Нотабене», Маркази ҳуқуқи инсон, Маркази ҳуқуқи кӯдакон, Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI», Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният, «Лигаи занони ҳуқуқшиноси Тоҷикистон», Фонди ҷамъиятии «Перспектива +», Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон, Иттиҳодияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» ва ҷамъияти «Имконоти баробар» (Равные возможности) имзо гузоштаанд.



хукми катл набояд бе кор шавад
хукуматдорони азиз инаш ками мекунад на сади ин рохро нагиред хукми катл хатман дар Точ,икистон лозим аст
ду летчики гунахгоро озод кади инашам хамон хел фардо зану кудаконатонро мекушан хирси сафед гуфта озодшон мекуне….