Маъракаи хайрия барои кӯдакони имконияташон маҳдуд

Date:


Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон – 3 декабр Институти «Ҷомеаи Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Ширкати алоқаи мобилии Tcell, Ассосиатсияи волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд, СҶ «Киштӣ»  дар Театри русии драмавии ба номи В. Маяковский маъракаи хайрияро оид ба дастгирии кӯдакони имкониятошон маҳдуд бо унвони «Мо гуногун, вале баробарем» баргузор мекунад. 

Тавре аз намояндагии Институти «Ҷомеаи Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон хабар доданд, дар чаҳорчӯбаи чорабинии мазкур барномаи идона ва маъракаи хайрия барои 200 нафар кӯдакони аз 3-сола то 15- солаи  муассиссаҳои томактабии №79, 117, 52, 129 ва мактабҳои №2, 28-и шаҳри Душанбе доир карда мешавад.   Дар чорабинӣ волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд низ ширкат мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, дар маъракаи мазкур бештар ба он таваҷҷӯҳ карда мешавад, ки  дар чорабиниҳои фарҳангӣ кӯдакони имконияташон маҳдуд низ амалан иштирок намоянд ва бо ин ширкати онҳоро дар ҳаёти иҷтимоӣ тавсеа бахшанд. Аз ҷумла, дар барномаи консертӣ гурӯҳи эҷодии мактабу муассисаҳои томактабии кӯдакони имконияташон маҳдуд дар қатори гӯрӯҳи «Шамс» ва ҳунарпешаҳои Театри русии драмавии ба номи В. Маяковский баромад мекунанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...