Қатъи пеш аз мӯҳлати парвози ҳавопаймои хатсайри Маскав-Кӯлоб

Date:


Бинобар сабаби дар ҳавопаймои «Боинг» ҷой доштани камбуду норасоиҳои техникӣ парвози ҳавопаймои хатсайри Маскав-Кӯлоб пеш аз мӯҳлат қатъ карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» хабар доданд, халабонон баъди гузашти чанд муддате аз парвоз аз норасоии техникӣ хабардор шуда, бозгашт ҳавопайморо ба майдони ҳавоии «Домодедово»-и шаҳри Маскав фуруд овардаанд.

Бино ба иттилои манбаъ,  камбудиҳои начандон назарраси техникӣ пас аз якчанд дақиқаи парвоз дар соати 1:33 дақиқа ба вақти Маскав ба вуҷуд омадаанд.

«Баъди чанде камбуду норасоиҳои техникӣ бартараф шуда, «Боинг» боз ба самти Кӯлоб раҳсипор гардид. Ҳамаи 109 нафар мусофирони ин хатсайр ҳамон шаб ба фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб расонида шуданд», – гутанд дар ширкат.

Ширкати «Ист Эйр» моҳи сентябри соли 2007 ба фаъолият шурӯъ кард. Барои амалисозии парвозҳо ширкати мазкур дар асоси лизингӣ ҳавопаймоҳои ширкати «Исток Авиа FZE»-ро истифода мекунад.

Тибқи маълумоти расмӣ, ҳиссаи ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» дар бозор начандон назаррас буда, ҳамагӣ 0,4% аз 1 млн. 442 ҳазор нафари мусофиронро, ки соли 2010 аз нақлиёти ҳавоӣ истифода бурдаанд, ташкил медиҳад. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...