Соли равон дар Кӯлоб 146 иншооти нав бунёд гардид

Date:


Соли равон дар шаҳри Кӯлоб 146 иншооти нав, аз ҷумла 8 иншооти таъиноти истеҳсолӣ, 7 иншоот дар соҳаи маориф ва 9 иншоот дар бахши тандурустӣ бунёд гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармеъмори шаҳри Кӯлоб Озодӣ Ҳасанов хабар дод, дар бахшҳои фарҳангу варзиш ва тиҷорату хӯроки умумӣ низ иншооти нав мавриди истифода қарор гирифта, дар ин давра 11 бинои маъмурӣ қомат афрохтанд.

«Ба сохтмони манзили зист таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, танҳо дар 11 микрорайонҳои шаҳри Кӯлоб 1677 биноҳои истиқоматӣ сохта шудаанд ё сохтмонашон идома дорад», – гуфт ӯ.

Ҳамзамон сармеъмори шаҳр зикр кард, ки соли равон дар ноҳияи Кӯлоб низ баҳри сохтмони манзили зист дар 4 ҷамоати ноҳия 289,87 гектар қитъаи замин ҷудо гардидааст. «Дар ноҳия 1950 оила ба сохтмони манзили зист оғоз кардаанд ё дар фурсати наздиктарин ба он шурӯъ хоҳанд кард», – афзуд номбурда.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...