Садама дар ҷануби кишвар ҷони 6 нафарро рабуд

Date:


Дар як садамаи нақлиёт дар минтақаи ҷануби кишвар 6 нафар ба ҳалокат расида, боз як нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон мунтақил шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА-и ВКД хабар доданд, садамаи нақлиёт рӯзи 1-уми январ рух додааст. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес» Х.Н.-и 24-сола зимни ҳаракат аз ноҳияи Ёвон ба самти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба дарахти канори роҳ бармехӯрад.

«Бар асари ин бархӯрд ронанда ва панҷ мусофирони синнусоли 20-21-солаи он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Танҳо як мусофири автомашина ҷон ба саломат бурдааст, ки айни замон дар ҳолати вазнин дар бемористон қарор дорад», – гуфт манбаъ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...