Ҷамъбасти олимпиадаи фаннии толибилмон дар вилояти Хатлон

Date:


Дар маркази вилоят шаҳри Қӯрғонтеппа давраи сеюми олимпиадаи фаннии мактаббачагони вилояти Хатлон дар соли хониши 2011-2012 ҷамъбаст гардид.

Тавре аз хаамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар доданд, олимпиадаи мазкур дар се давр бо иштироки беш аз 144 ҳазор нафар хонандагони синфҳои 9,10 ва 11 аз тамоми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар маросими ҷамъбасти  олимпиадаҳои фаннӣ бо иштироки муовини аввали вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов, муовини раиси вилояти Хатлон Ситора Шерова ва омӯзгорони пуртаҷрибаи вилоят ба 165 нафар ғолибон, медал ва ифтихорномаҳои таъсисдодашудаи раёсати маорифи вилояти Хатлон супорида шуд.

Зикр гардид, ки ғолибони озмун барои иштирок ба даври навбатии   олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...