Шаҳрдории Душанбе 150 микроавтобуси мусофиркаши нав мехарад

Date:


Ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе 150 адад микроавтобусҳои мусофиркаши нав мавриди истифода қарор мегиранд.

Тавре котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, Комиссияи тендерии Воҳиди хариди Мақомоти шаҳрдории пойтахт оид ба хариди 150 адад воситаҳои нақлиёти мусофиркаши хурдҳаҷм (микроавтобусхо)-и дорои на камтар аз 12 ҷойи нишаст, бо сӯзишвории дизелӣ фаъолияткунанда, стандарти экологӣ на камтар аз Евро-3 ва мутобиқ ба иқлими Тоҷикистон тендер эълон кард.

«Дархостҳо барои иштирок дар тендер то 29-уми феврал ба шӯъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсияи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешаванд. Тендер рӯзи 1-уми март ҷамъбаст гардида, дар он корхонаву ташкилот ва ширкатҳои ватаниву хориҷӣ иштирок карда метавонанд», – афзуд Ш.Саидов.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...