Мусоидати сафорат ҷиҳати ба ватан фиристодани ҷасади шаҳрвандони кишвар

Date:


Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар медиҳад, ки тайи чанд рӯзи ахир дар шаҳру вилояти Москва риштаи ҳаёти чанд тан аз тоҷикистониён канда шуд.

Бино ба итттилои манбаъ, 8 феврали соли равон ҷасади Раҷабов Сино Сулаймонович, (13 майи 1984 таваллуд шудааст, бошандаи вилояти Хатлон, шаҳраки Восеъ, кӯчаи Мир, хонаи 7) дар кӯчаи Покровский Булвари ш. Москва пайдо карда шуда, бино ба натиҷаи ташхиси тиббӣ-судӣ, ӯ аз заҳролудшавии сахт ба ҳалокат расидааст. Дар робита ба ин ҳодиса, корҳои тафтишотӣ аз ҷониби шӯъбаи тафтишотии байниноҳиявии Лефортовои ш.Москва идома дорад. 11 феврал ҷасади Сино тавассути ҳавопаймо (хатсайри №632, Москва-Душанбе) ба Ватан фиристода шуд.

Ҳамчунин, 11 феврали соли ҷорӣ, барои ёриву мусоидатҳои зарурӣ ҷиҳати интиқоли ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон  Маҷидов Бадриддин Салоҳиддинович (17 ноябри 1969 таваллуд ёфтааст, бошандаи шаҳри Душанбе) ба Ватан ба сафорат муроҷиат шуд. Тавре маълум гаридид, Б. Маҷидов як сол қабл аз  маҳбас озод гардида, дар шаҳри Истраи вилояти Москва ба сифати бинокор фаъолият доштааст. Номбурда аз бемории вазнин дар беморхонаи №52 ш. Москва аз дунё гузашта, фиристодани ҷасад ба Ватан баъди натиҷагириҳои тиббӣ сурат хоҳад гирифт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...