Иштироки БИР дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги зербиноии Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Директори намояндагии минтақавии Бонки Исломии Рушд дар ш. Алмаато Ҳошим Толиб Маъруф мулоқот кард. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар рафти вохӯрӣ масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд ва имкониятҳои рушди ояндаи он муҳокима гардиданд. Ҷонибҳо масъалаи гузаронидани […]

ASIA-Plus


Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Директори намояндагии минтақавии Бонки Исломии Рушд дар ш. Алмаато Ҳошим Толиб Маъруф мулоқот кард.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар рафти вохӯрӣ масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд ва имкониятҳои рушди ояндаи он муҳокима гардиданд.

Ҷонибҳо масъалаи гузаронидани Панҷумин конфронси минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA V), иштироки ҳайати БИР бо сардории Президенти он Аҳмад Муҳаммад Алӣ дар кори конфронс ва таҷлили иди байналхалқии Наврӯзро муҳокима карданд.

Яке аз мавзӯъҳои асосии мулоқот – ин иштироки БИР дар лоиҳаҳои бузурги инфрасохтории Тоҷикистон дар оянда, дастгирии соҳаи бонкӣ, хусусан соҳаи микрокредитӣ ва дастгирии ширкатҳои хурд ва миёна буд.

Бояд қайд кард, ки дар соли 2011 маблағи умумии амалиётҳои маъқулдонисташудаи гурӯҳи БИР дар Тоҷикистон қариб 211 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996 ба БИР ҳамроҳ шуда, то имрӯз БИР ба 44 лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, роҳсозӣ, энергетика ва хоҷагии қишлоқ маблағгузорӣ намудааст.

Айни замон Бонки Исломии Рушд дар Ҷумурии Тоҷикистон 17 лоиҳаро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, барқарорсозии сектори энергетикӣ, сохтмони стансияҳои обию барқии хурд дар маҳалҳо, лоиҳаи интиқоли минтақавии қувваи барқ, таъмин намудани Душанбе бо оби нӯшокӣ, сохтмони роҳи Шоҳон-Зиғар, сохтмон ва таҷҳизонидани беморхонаи байниноҳиявӣ дар ш. Данғара ва барқарорсозии мактабҳои миёна.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.