Литсейи президентиро ба мактаби байнулмилалӣ номгузорӣ карданианд

Date:


Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба президенти Тоҷикистон ҷиҳати тағйири номи Литсейи президентии шаҳри Душанбе ба Мактаби байнулмилалии президентӣ муроҷиат карданд.

Сардори Раёсати маълумоти томактабӣ ва мактабии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Абдусамад Муллоев дар робита ба ин масъала ба ОИ Азия-Плюс» изҳор кард, ки ин муроҷиат бо он асоснок шудааст, ки айни замон дар ҷумҳурӣ бо маблағгузории Туркия танҳо як мактаби байнулмилалӣ амал мекунад ва Тоҷикистонро мебояд мактаби байнулмилалии худро дошт.

«Барои таҳсил дар ин мактаб мо ҷавонони лаёқатмандро, ки дар пойтахт зиндагӣ мекунанд, ҷалб хоҳем кард. Дар кишвари мо сафоратхонаҳо ва созмонҳои байнулмилалии зиёде мавҷуданд, ки фарзандони онҳо забони тоҷикиро балад набуда, метавонанд дар ин мактаб таҳсил намоянд», – гуфт вай.

Ёдрас мекунем, ки айни замон фарзандони дипломатҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар пойтахт зиндагӣ мекунанд, дар литсейи байнулмилалии туркӣ таҳсил мекунанд. Фарзандони шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар ин муассисаи таълимӣ ҳузур доранд. Таҳсил дар ин ҷо бо забони англисӣ аст. Ҳоли ҳозир дар ин литсей тахминан 400 нафар таҳсили илм намуда, арзиши яксолаи таҳсил ҳудуди 7 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...