Баҳои ҳомиёни ҳуқуқ ба иҷрои уҳдадориҳо оид ба ҳуқуқи инсон

Date:


Дар Тоҷикистон натиҷаҳои таҳқиқоти «Аз ҷониби Тоҷикистон ба иҷро расидани уҳдадориҳои байнулмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон: доираи ҳуқуқӣ ва тартибот», ки аз ҷониби фонди ҷамъиятии «Нотабене» гузаронида шудааст, манзури умум гардонида шуданд.

Аз моҳи феврал то моҳи ноябри соли 2011 мониторинги фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар мавриди иҷрои ӯҳдадориҳои байнулмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон доир гардид.

Муҳаққиқон қонунгузории миллиро дар қисмати пешниҳоди гузоришҳо ба мақомоти қарордодии СММ, Шӯро оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳамчунин иҷрои минбаъдаи тавсияҳои онҳоро мавриди таҳлил қарор доданд. Механизмҳои коммуникатсияи мақомоти давлатӣ бо сохторҳои СММ оид ба иттилооти инфиродӣ, таҷрибаи иҷрои қарорҳои мақомоти байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва масоили иштироки созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин раванд омӯхта шуданд.

Дар ҳисобот зикр карда мешавад, ки Тоҷикистон қариб ҳамаи асноди байнулмилалии универсалии СММ оид ба ҳуқуқи инсонро тасдиқ кардааст. Қонунгузории кишвар барои иҷрои уҳдадориҳо дар ин бахш асосҳои зарурии ҳуқуқиро доро мебошад.

Ба гуфтаи роҳбари таҳқиқот Нигина Баҳриева, дар ҷумҳурӣ механизми дақиқи мулоҳизаҳои Кумитаи СММ оид ба шикоятҳои инфиродӣ мавҷуд нест. «То 1-уми майи соли 2011 ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон аз Тоҷикистон 29 маълумоти инфиродӣ ворид шудааст, ки аз аз рӯйи 22-тои онҳо мулоҳизаҳои кумита изҳор гардиданд. Умуман қонуншиканиҳо нисбат ба 27 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон эътироф шуданд», – гуфт вай.

Н.Баҳриева зикр кард, ки таҳлили парвандаҳое, ки нисбат ба онҳо мулоҳизаи кумитаи СММ изҳор шудааст, нишон дод, ки дар 11 ҳолат давлат-иштирокчӣ аз муҳтавои ҳолат посух надод. «Дар 3 ҳолат Кумита дархост кард, ки иҷрои ҳукми қатл то содир шудани қарор дар бораи қобили қабул будани шикоят мавқуф гузошта шавад, аммо давлат ин дархостро нодида гирифта, шахсони маҳкумшуда ба қатл расонида шуданд», – иброз дошт роҳбари таҳқиқот.

Номбурда ҳамчунин гуфт, зимни омодасозии посух ба иттилои Кумита давлати мо танҳо ба омӯзиши маводи парвандаи ҷиноӣ машғул гардида, аризаҳо дар бораи нақзи ҳуқуқро мавриди таҳлил қарор намедиҳад. «Дар маҷмӯъ, ҳеҷ яке аз 22 мулоҳизаи Кумита оид ба ҳуқуқи инсон дар бораи иттилои инфиродӣ, ки нисбат ба Тоҷикистон содир шуда буд, аз ҷониби давлат ба иҷро нарасид», – афзуд Н.Баҳриева.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related