Семинари омӯзишии кормандони АНМН барои ҳамтоҳои афғон

Date:


Ду нафар корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 18 нафар кормандони хадамоти зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо истифода аз “Барномаи «i2» ҳангоми таҳлили гуфтугӯҳои телефонӣ” дар шаҳри Кобул семинари омӯзишӣ гузарониданд.

Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии мазкур хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи семинар Ҷонишини вазири корҳои дохилии ин кишвар Бозмуҳаммад Аҳмадӣ ширкат ва суханронӣ намуд.  Чандин нафар аз ҷумлаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, ки дар ин семинар иштирок доштанд,  пештар дар курсҳои омӯзишӣ дар базаи Агентии назорати маводи нашъаовар дар шаҳри Душанбе ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд. Ширкаткунандагони семинар хостори он шуданд, ки ин гуна курсҳо на танҳо дар Кобул, балки бештар дар Душанбе созмон дода шавад. Аз назари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон имкониятҳои техникии дарсхонаҳои Агентӣ, таъминоташон бо маводҳои таълимиву адабиётҳои омӯзишӣ ва илмӣ-методӣ фарохтар аз имкониятҳои  ҳамсон дар Афғонистон мебошанд.

Маврид ба таъкид аст, ки дар айни замон Агентӣ ба яке аз марказҳои пешрафтаи таълимӣ барои бозомӯзонидани кормандони сохторҳои зиддимухаддиротӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки барои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои минтақа табдил ёфтааст. Чандин сол инҷониб мутахассисони Агентӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ҳам дар базаи Агентӣ ва ҳам дар хориҷ аз он, аз ҷумла дар Афғонистон тренингу семинарҳо ва дарсҳои амалӣ мегузаронанд.

Имрӯз наметавон олами муосирро бидуни воситаҳои алоқаи телекоммуникатсионӣ тасаввур кард ва аз ин васоит ҷинояткорон низ басо моҳирона истифода мекунанд. Ин аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи олам ба таҳлили гуфтугӯҳои телефонӣ ҳангоми баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунанд. Барномаи «i2» низ аз ҳамин гуна барномаҳои пешрафта аст, ки омӯзиши он ба кормандони хадамоти махсус, бахусус, ба касоне, ки бо мухаддирот мубориза мебаранд, амри зарурист.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...