Рӯзи 4-уми май таҳти раёсати муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ҷаласаи дуюми Шӯрои ҳамкории парлумонии Тоҷикистон – Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид, ки дар он ҳайати Парлумони Аврупо, намояндагону масъулони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Тавре аз хадамоти матбуоти палати поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, ҷаласаро муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон Амиршо Миралиев ифтитоҳ намуда, ҳайати Парлумони Аврупоро ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.
Мавсуф зимни суханронии худ изҳор дошт, ки баргузор шудани ҷаласаи дуюми Шӯрои ҳамкории парлумонии Тоҷикистон – Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе барои тақвияти муносиботи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо мусоидат менамояд. Таъкид шуд, ки нишасти имрӯза заминаи гуфтугӯ ва мубоҳисот байни аъзои Шӯрои ҳамкории парлумонии Тоҷикистон-Иттиҳоди Аврупоро ба вуҷуд оварда, ҳамзамон заминаи муносиб ҷиҳати баҳсу баррасиҳои густурда дар мавзӯъҳои гуногун ба шумор меравад.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Иттиҳоди Аврупоро муҳимтарин шарики байналмилалӣ барои Тоҷикистон унвон карда, таъкид дошт, ки нақши Иттиҳоди мазкур дар имзои истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа, ҷалби сармояи хориҷӣ дар соҳаҳои муҳимтарини ҷумҳурии мо, аз ҷумла иқтисод, рушди бахши иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист бениҳоят арзанда мебошад. Вазифаи асосии парлумонҳои мо ташкил намудани базаи ҳуқуқӣ ҷиҳати ба эътидол овардан ва тавсеаи робитаҳои дуҷониба ба шумор меравад.
Сипас, раиси ҳайати Парлумони Аврупо ҷаноби Паоло Бартолози зимни суханронии худ ҳайати иштирокчии ҷаласаи имрӯза аз Парлумони Аврупоро муаррифӣ намуда, баргузории ҷаласаи дуюми Шӯрои ҳамкории парлумонии Тоҷикистон – Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанберо қадами бисёр муҳим дар саҳифаҳои таърихи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо маънидод кард. Вай дар идомаи суханронии худ аз рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакати мо изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон ба фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид ба хотири таъмини пешрафтҳои муносиб дар саросари кишвари мо таъкид кард. Раиси ҳайати Парлумони Аврупо иброз дошт, ки Иттиҳоди Аврупо Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз шарикони боэътимод ва муҳими худ дар Осиёи Марказӣ дониста, омода аст, дар ҳамаи заминаҳо аз мавқеи он пуштибонӣ намояд. «Мо шоҳиди пешрафтҳои иқтисодӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон тайи солҳои охир ҳастем ва умедворем, ки ин раванд дар оянда низ беҳтару хубтар ҷараён хоҳад гирифт»,-гуфт ҷаноби Паоло Бартолози.
Пас аз суханронии Амиршо Миралиев ва Паоло Бартолози рӯзномаи ҷаласа бо пешниҳоди масъалаҳои зерин:
1. Тасдиқ намудани қоидаҳои расмиётии Кумитаи ҳамкории парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Иттиҳоди Аврупо.
2. Арзёбии Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо: – робитаҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон-Иттиҳоди Аврупо; -ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм, ҷинояткории муташаккилона, расмикунонии (шустушӯи) маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба даст овардашуда ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар Осиёи Марказӣ; -ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба масъалаҳои муҳити зист ва тандурустӣ.
3. Рӯйдодҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо: равандҳои демократикунонӣ ва рушди конститутсионӣ, аз ҷумла плюрализми сиёсӣ; нақши қонунгузорӣ; озодии матбуот.
4. Мубодилаи афкор оид ба вазъи сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҳамкории минтақавӣ.
5. Таърих ва ҷойи баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкории парлумонии Тоҷикистон-Иттиҳоди Аврупо. тасдиқ гардид.
Аз рӯи масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласа воридшуда, аъзои Шӯрои ҳамкории парлумонии Тоҷикистон – Иттиҳоди Аврупо аз ҳарду ҷониб – Лутфулло Сидмуродов, Амирқул Азимов, Марҳабо Ҷабборова, Олим Салимзода,Шодӣ Шабдолов, Никол Киил-Ниелсен, Алфред Рубикс, Герберт Дорфман, Катарина Неведалова, Инес Аяла Сендер, Марк Тарабелла, Кармен Ромеро Лопес ва Николо Риналди – суханронӣ намуданд.
Масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо, мубориза бар зидди хатарҳои инсонӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, пешгирӣ аз афзоиши падидаҳои номатлуб, қочоқи инсон, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, туризм, кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми тиҷорат, аз ҷумла боло бурдани мизони содироту воридот, густариши муносибот дар бахшҳои обу энергетика, фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ дар кишвари Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо,рушди демократия, озодии сухан, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, мавзӯъҳои марбут ба илму маориф, техника ва технология ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн баррасӣ шуданд.
Пас аз хотимаи суханрониҳо роҷеъ ба мавзӯъҳои гуногун ва вазъи минтақа ва ҷаҳон баҳсу музокираҳои судманд сурат гирифт.
Дар хотимаи ҷаласаи дуюми Шӯрои ҳамкории парлумонии Тоҷикистон – Иттиҳоди Аврупо эъломияи муштарак қабул гардид.
Дар охир раисони ҳайатҳои парлумонии Тоҷикистон ва Аврупо Амиршо Миралиев ва Паоло Бартолози барои доираи васеи хабарнигорони Воситаҳои Ахбори Оммаи дохил ва хориҷ нишасти матбуотӣ баргузор карданд.
Дар нишасти мазкур хабарнигорон ба саволҳои сершумори худ посухҳои мушаххас гирифтанд.



