Ифтитоҳи нуқтаи интиқоли маблағи «Бонки Эсхата» дар деҳаи Шарора

ҶСК«Бонки Эсхата» дар деҳаи Шарора нахустин нуқтаи интиқоли маблағ боз намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари асосии бонк дар шаҳри Хуҷанд хабар доданд, филиали бонк дар ноҳияи Ҳисор, ки моҳи апрели соли равон кушода шуда буд, аллакай тавонист дар муддати кӯтоҳе дар деҳаи Шарора нуқтаи интиқоли маблағҳоро боз намояд. Шумори аҳолии деҳаи мазкур беш […]

Мавлуда Рафиева


ҶСК«Бонки Эсхата» дар деҳаи Шарора нахустин нуқтаи интиқоли маблағ боз намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари асосии бонк дар шаҳри Хуҷанд хабар доданд, филиали бонк дар ноҳияи Ҳисор, ки моҳи апрели соли равон кушода шуда буд, аллакай тавонист дар муддати кӯтоҳе дар деҳаи Шарора нуқтаи интиқоли маблағҳоро боз намояд.

Шумори аҳолии деҳаи мазкур беш аз 11 ҳазор нафрро ташкил дода, талабот ба хизматгузории интиқоли маблағҳо зиёд аст, зеро ҳудуди 2 ҳазор нафар сокинони деҳа дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доранд.

Ба гуфтаи мудири филиали бонк Наргис Назарова, ҳадаф аз ифтитоҳи нуқтаи интиқоли маблағ таъмини сокинони ин деҳа бо хизматгузории мусоидаи интиқоли маблағҳо аст. Аз ин ба баъд сокинони деҳа бидуни сафар ба маркази ноҳия ё пойтахт маблағҳои худро метавонанд аз ин ҷо дастрас кунанд. Дар рӯзи аввали ифтитоҳи нуқта ба 20 нафар мизоҷони нахустин туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Назарова мегӯяд, дар нуқтаҳои интиқоли маблағи «Бонки Эсхата» интиқоол ва қабули фаврии маблағҳои пулӣ тавассути 13 низоми байнулмилалии интиқоли маблағҳо ва ҳамчунин низоми миллии «Сония» имконпазир аст.

Ёдовар мешавем, ки ҶСК «Бонки Эсхата» соли 1993 таъсис ёфта, 29-уми ноябри соли 1994 иҷозатномаи Бонки миллиро соҳиб шуд. «Бонки Эсхата» бонки тиҷоратӣ буда, ба тиҷорати хурду миёна маҷмӯи васеи хизматгузориҳоро пешниҳод мекунад.

Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 15 филиал ва 18 марказҳои хизматрасонии банкӣ, инчунин қариб 128 нуқтаҳои интиқоли маблағи ҶСК «Бонки Эсхата» фаъолият мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.