Мақомоти шаҳрдории Душанбе ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҷумҳурӣ дар бораи баргузор намудани як чорабинӣ зидди маводи мухаддирро дастгирӣ кард.
Тавре як манбаъ аз мақомти шаҳрдории Душанбе хабар дод, ин чорабинӣ ба муносибати Рӯзи байнулмилалии мубориза бар зидди истеъмоли маводи нашъаовар шоми 23-юми июн дар назди Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад.
Ба иттиллои манбаъ, дар чорабинии мазкур бо даъвати Агентии назорати маводи нашъаовар сарояндагони сурудҳои эстрадаи тоҷик иштирок мекунанд. «Раиси пойтахт ба хадамоти дахлдор ҷиҳати таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва вазъи санитарӣ дар макони баргузории чорабинӣ супоришҳои мушаххас дод», – гуфт манбаъ.


