Имрӯз дар Душанбе таҳти унвони «Диёри ҳусн-7» Ҷашнвораи байнулмилалии ҳунару мӯд оғоз мегардад. Ҷашнвораи чоррӯза дар бинои Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ баргузор мешавад.
Бино ба иттилои Бунёди байнулмилалии ҳунармандони «Ҳафт пайкар», барномаи ҷашнвора аз намоиши мӯд ва ярмарка-фурӯши маснӯоти маҳсули дасти ҳунармандон, аз қабили маснӯоти заргарӣ, қолин, матоъ ва маҳсулоти туҳфагиву ороишӣ, маснӯоти анъанавии косибони Афғонистон, Эрон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо иборат аст.
Ба иттилои манбаъ, маросими расмии ифтитоҳи ҷашнвораи байнулмилалӣ соати 17:00 барпо мешавад.


