Фестивали ҷавонони эҷодкор дар Душанбе

Date:


Дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Душанбе пойтахти сулҳу созиш» ҷашнвораи ҷавонони эҷодкор баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, ташаббуси баргузории ин чорабинӣ аз ҷониби идораи ҳафтавори «Вечёрка» сурат гирифта, дар ин хусус раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори дахлдор ба имзо расонидааст.

Барои иштирок дар фестивал, ки рӯзи 26-уми июн дар боғи Рӯдакӣ доир мегардад, ҷавонони тамоми минтақаҳои кишвар ҷалб карда мешаванд.

«Дар фестивал намояндагони ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон фаъолона ширкат хоҳанд варзид», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, раиси пойтахт ҷиҳати таъмини тартибот ва вазъи санитарии макони баргузории фестивал ба хадамоти дахлдор супориш додааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...