Боздиди вазири меҳнат аз водии Зарафшон

Date:


Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов ба водии Зарафшони вилояти Суғд сафари дурӯзаи корӣ анҷом дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар ҷараёни сафар М.Маҳмадаминов бо мақомоти раҳбарии ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакент як қатор вохӯриҳо гузаронида, масъалаи аз мавзеъҳои барои зиндагӣ номусоид ба минтақаҳои дорои захираҳои бойи заминҳои азхуднашуда кӯчонидани аҳолии коршоямро баррасӣ намуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни сафар вазир ҳамчунин бо шароити хона-интернат барои пиронсолон ва маъюбони шаҳри Панҷакент, ки пурра аз ҷониби ҳукумат маблағгузорӣ мешавад, аз наздик ошно гардид.

«Зимни сафар вазир ба фаъолияти воҳидҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маҳалҳо ва марказҳои омӯзиш ва бозомӯзии калонсолон таваҷҷуҳи хосса зоҳир сохт», – азуд манбаъ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...