Имсол имтиҳоноти қабул ба макотиби олӣ дертар оғоз меёбанд

Date:


Соли равон имтиҳоноти қабул ба макотиби олии Тоҷикистон аз 10-уми август оғоз гардида, қабули ҳуҷҷатҳо аз довталабон 9-уми август ба итмом мерасад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ иттилоъ дод, бинобар сабаби ба таъхир афтодани додани шаҳодатномаҳо (аттестат) ба хатмкардагони макотиби таҳсилоти умумӣ чунин қарор қабул шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, соли равон ба макотиби олии кишвар 30,3 ҳазор нафар донишҷӯён қабул карда мешаванд, ки ҳудуди 70%-и онҳо тибқи қарордод таҳсил хоҳанд кард. Қабули ҳуҷчатҳо ба макотиби олӣ 1-уми июл шурӯъ шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба масъалаи ба таъхир афтодани пешниҳоди шаҳодатномаҳо ба хатмкардагони макотиби таҳсилоти умумӣ, вазири маориф гуфт, ин ба иллати дар аттестатҳо ошкор шудани ноқисиҳо ва норасоиҳои техникӣ ба амал омадааст.

«Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод», ки ҳуқуқи истисноии нашри шаҳодатномаҳо дар бораи хатми таҳсилро доро аст, зимни ба чоп расонидани онҳо ба иштибоҳ роҳ дод ва мо маҷбур шудем, ки тақрибан 70 ҳазор варақаҳои шаҳодатномаҳоро ба нашриёт бозпас баргардонем», – гуфт ӯ.

Вазири маориф хотирнишон сохт, ки соли гузашта ҳодисаи ғайриқонунӣ додани қариб 2 ҳазор адад шаҳодатнома дар бораи хатми таҳсил ошкор шуда буд.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...