Ҳалокати як тоҷикистонӣ дар садамаи ҳавопаймои Судон

Date:


Дар садамаи ҳавопаймои Судон як шаҳрванди Тоҷикистон – Акрам Ҳошимов ба ҳалокат расид, – хабар доданд аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

Бино ба маълумоти вазорати мазкур, Ҳошимов тибқи қарордод дар ширкати ҳавопаймоии хусусии «Алфа-1»-и Судон ба ҳайси штурмани ҳавопаймои Ан-26 фаъолият доштааст. «Айни замон мо маълумот дар бораи макони зисти доимии Ҳошимовро дар даст надорем. Бо расидани маълумот дар ин хусус, масъалаи интиқоли ҷасади ӯ ба маҳалли иқоматаш ҳал хоҳад шуд», – гуфтанд дар ВКХ ҶТ.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 19-уми август ҳавопаймои мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии «Алфа-1»-и Судон дар 650 километрии пойтахт кишвар Хартум ба садама дучор гардида, ҳамаи 31 нафари дар дохили ҳавопаймо қарордошта ба ҳалокат расиданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...