Маросими видоъ бо халабонони фавтида дар фурудгоҳи Айнӣ

Date:


Рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта, 19-уми август, дар мавзеи наздики фурудгоҳи ҳарбии Айнӣ як ҳавопаймои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба садама дучор шуд.

Рӯзи душанбеи ҳафтаи равон дар фурудгоҳи Айнӣ маросими видоъ бо халабонони фавтидаи ҳавопаймои Як-52 – афсарони Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Суҳроб Бойпочоев ва Алексей Кошелев баргузор гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудорфиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар маросими видоъ намояндагони мақомоти раҳбарии Вазорати мудофиа, афсарони нерӯҳои низомии ҳавоии Тоҷикистон ва хешону наздикони афсарон ҳузур доштанд.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳавопаймои мавриди садама қароргирифта ба Ҷамъияти мусоидат ба мудофиаи Тоҷикистон мутааллиқ буд.

Прокуратураи ҳарбӣ сабабҳои суқути ҳавопаймои мутааллиқ ба Ҷамъияти мусоидат ба мудофиаи Тоҷикистонро мавриди таҳқиқ қарор дода, бо ин мақсад комиссияи байниидоравӣ таъсис дода шудааст. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...