Захмӣ шудани иштирокчиёни гирдиҳамоӣ дар Хоруғ

Date:


Нерӯҳои ҳукуматӣ ба сӯи иштирокчиёни гирдиҳамоӣ дар Хоруғ, ки субҳи имрӯз дар робита ба қатли пешвои ғайрирасмии Бадахшон Имомназар Имомназаров назди бинои ҳукумати вилоят ҷамъ омада буданд, тир кушоданд

.

Ба иттилои хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ду тан аз тазоҳургарон захмӣ шудаанд.

Субҳи имрӯз ҳудуди садҳо нафар ҷавонон, ки дар маросими ба хок супурдани Имомназар Имомназаров ҳузур доштанд, назди бинои ҳукумати вилоят гирдиҳам омаданд. «Аз издиҳом ба суӣ бино сангафканӣ оғоз гардид. Дар посух тирапрронӣ сурат гирифта, дар натиҷа ду тан аз тазоҳургарон аз пояшон захмӣ шуданд», – гуфт хабарнигори ОИ «Азия-Плюс».

Баъди чанде сокинони Хоруғ дар назди бинои ҳукумати шаҳр ҷамъ омаданд. Ба андешаи коршиносони маҳаллӣ, шумори тазоҳургарон якчанд ҳазор нафарро ташкил медод. Тазоҳургарон ҳукуматдоронро ба даст доштан дар куштори И.Имомназаров ва ҳамчунин риоя накардани шартҳои ҳосилшуда дар гуфтушунид оид ба халъи силоҳ ва хурӯҷи нерӯҳои низомӣ айбдор намуданд.

Ёдрас мекунем, ки тақрибан соати 4-и субҳи имрӯз яке аз пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон Имомназар Имомназаров дар манзили зисташ бо партоби норинҷак ва тирпарронӣ аз автомат кушта шуд. Имомназаров дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, бародараш захмӣ ва ба шифохона мунтақил гардид.

И.Имомназаров муддати 20 сол аст, ки маъюби гурӯҳи аввал буда, мустақилона роҳ рафтан барояш ғайриимкон буд.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон Имомназар Имомназаровро дар қатори боз се нафар пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон – Толиб Айёмбеков, Ёдгор Мамадасламов ва Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ба қочоқи маводи мухаддир, сангҳои қиматбаҳо, хариду фурӯши одамон, ташкили гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, гаравгонгирӣ ва саркашӣ аз пардохти қарзҳои бонкӣ муттаҳам намуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...