Бозори бузургтарини Тоҷикистон пас аз сӯхтор

Date:

Субҳи 6-уми сентябр тоҷирони осебдидаи бозори «Корвон» кӯшиш доштанд, ки миёни бору колои сӯхта аққалан чизе аз моли эминмондаро пайдо намоянд. Дар баъзе ҷойҳои бозор сӯхтор ҳанӯз идома дошта, фавввораи дуд ба фазо мехезад.

Баъдтар раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо тоҷирони бозор вохӯрда, тафтишоти мунсифона ва шаффофи ин қазияро ваъда кард. Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки молики бозор Нуршед Машрабов гурехтааст. «Ман ҳоло дар куҷо будани ӯро намедонам, вале ваъда медиҳам, ки ӯ ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд», – гуфт Убайдуллоев.

Бино ба иттилои хабарнигори ОИ «Азия-Плюс», айни замон мардум пароканда мешавад. Бо вуҷуди ин, онҳо ором нагардида, аксарашон бар ин назаранд, ки ин дафъа бозорро оташ задаанд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...