Зимни суханронӣ дар тренинг таҳти унвони «Баробарии мардону занон дар оинаи ВАО» дар шаҳри Хуҷанд роҳбари шуъбаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Суғд Раъно Бобоҷонова изҳор кард, ки Тоҷикистон имрӯз аз ҷиҳати шумори ҳодисаҳои худкушӣ миёни кишварҳои ИДМ ҷойи 11-ум ва кишварҳои Осиёи Марказӣ зинаи 3-юмро пас аз Қазоқистону Қирғизистон ишғол мекунад.
Дар кори чорабинии мазкур кормандони васоити ахбори умумии чопиву электронӣ, намояндагони мақомоти прокуратураву Раёсати корҳои дохилӣ, равоншиносон ва коршиносони ҷамъиятиву намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ширкат варзида, ин чорабинӣ ба беҳбуди малакаҳои инъикоси масоили баробарии мардону занон дар ВАО мусоидат намуд.
Аз ҷумла иштирокчиёну коршиносон роҳҳои ҳалли мушкилоти пешгирии ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задан, пешниҳоди кӯмаки равониву ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагон аз хушунат дар оила, ҷанбаҳои гендерӣ ва қолабу одатҳои мавҷуда дар ин масъаларо баррасӣ намуда, фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматии вилояти Суғдро аз нигоҳи баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа мавриди таҳлил қарор доданд.
Раъно Бобоҷонова мушкилоти аслии даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон, аз ҷумла занонро ба мавҷуд набудани равоншиносони ҳирфаӣ ва ҷойҳои доимии корӣ нисбат дода, изҳор кард, ки аз ҷониби шуъба Маркази иттилоотиву машваратӣ таъсис дода шудааст, ки дар онҷо занону духтарон ба касбу забонҳои гуногун омӯзонида шуда, ифтитоҳи чунин марказҳо дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят дар назар аст.
Дар робита ба ин масъала намояндаи мақомоти прокуратураи вилояти Суғд Носирҷон Оқилов чунин ибрози андеша намуд, ки «ҳар як ҳодисаи худкушӣ аз ҷониби мақомот мавриди таҳқиқоти мӯшикофона қарор гирифта, мушкилӣ дар он аст, ки хешону наздикони афроди даст ба худкушӣ зада ба ҳамкорӣ омода нестанд ва баръакс, сабабҳои аслии ба ин амал даст задани аҳли оилаи худро рӯйпӯш карданӣ мешаванд».
Қобили зикр аст, ки тренинги мазкур аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Суғд дар ҳамдастӣ бо Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI» ва дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон созмон дода шуд.


