Эрон бунёди ҳамтои минтақаи Шенген барои кишварҳои Роҳи абрешимро пешниҳод кард

Date:


Эрон пешниҳод мекунад, ки миёни кишварҳои воқеъ дар Роҳи бузурги абрешим минтақаи раводиди монанди минтақаи Шенгени Аврупо таъсис дода шавад, – иттилоъ медиҳад хабаргузории озарбойҷонии Trend.

«Ин ба рушди бахши сайёҳӣ миёни кишварҳои минтақа, рушди робитаҳо ва таҳкими сулҳу амнияти минтақа мусоидат хоҳад кард», – изҳор доштааст ноиби президенти Эрон Сайёд Ҳасани Мусавӣ зимни суханронӣ дар конфронси байнулмилалӣ дар Боку.

Ӯ зикр кардааст, ки кишварҳои минтақаи Роҳи бузурги абрешим бояд аз имконоти худ баҳри рушди сайёҳӣ самаранок истифода намоянд.

Ноиби президенти Эрон ҳамчунин таъсиси Маҷмаъи кулли кишварҳои минтақаи Роҳи бузурги абрешим, баргузории анҷумани он дар охири соли оянда дар Эрон, эълони соли 2004 ҳамчун соли Роҳи абрешим, доир намудани Рӯзи Роҳи абрешим дар доираи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ва таъсиси атласи Роҳи абрешимро низ пешниҳод кардааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...