Ахири ҳафтаи аввали моҳи октябр чун анъана дар Тоҷикистон Иди касбии омӯзгорон ҷашн гирифта мешавад. Дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ин ҷашн дар Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ҳудуди 600 нафар омӯзгорон ба ҷоизаҳои давлатӣ ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маорифи ҶТ Зиёратшо Нарзуллоев хабар дод, панҷ нафар омӯзгорон бо мукофотпулии президентӣ дар ҳаҷми 2 ҳазор доллари ИМА сарфароз гардонида шуда, ҳамчунин ба омӯзгорон 17 номгӯйи мукофоту унвонҳои давлатӣ ва ифтихорномаҳои Вазорати маориф тақдим мегарданд.
Бино ба маълумоти ахири Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, айни замон шумори умумии омӯзгорон дар Тоҷикистон ба 94 ҳазору 700 нафар мерасад, ки 53 ҳазору 148 нафари онҳо занон мебошанд. Феълан макотиби кишвар ба беш аз ҳазор нафар омӯзгорон ниёз доранд, ки чунин вазъ бештар дар деҳот ба мушоҳида мерасад.
Ёдрас мекунем, ки Рӯзи ҷаҳонии омӯзгорон соли 1994 таъси ёфта, он дар зиёда аз 100 кишвари дунё ҷашн гирифта мешавад.


