Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик» ба аҳолии кишвар

Date:


Ширкати саҳҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» дар як муроҷиатнома ба аҳолии ҷумҳурӣ ҷорӣ шудани реҷаи маҳдуди истифодаи барқро шарҳу тавзеҳ дод.

Дар муроҷиатномаи интишоргардидаи ширкат зикр мегардад, ки дар фаслҳои сарди сол, ки маҷрои дарёҳо, алалхусус дарёи Вахш, ки манбаи асосии гидроэнергетикии кишвар ба шумор меравад, кам мегардад, иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳҳо бамаротиб маҳдуд мешаваад ва аз ин рӯ, маҳдуд намудани интиқоли барқ ногузир мешавад.

«Дар ин давра захираи асосии барқи мо обанбори Норак аст. Дар он аз нуқтаи ниҳоӣ –  857 метр то нуқтаи техникии максималӣ – 910 метр, мо ҳамагӣ 53 метр об дорем, ки ҳаҷми он 4,5 млрд. метри мукаабро ташкил медиҳад. Аз ин обанбор нерӯгоҳҳои Норак, Бойғозӣ, силсиланерӯгоҳҳои Вахш, «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2»,  ки ҳамаи онҳо ҷамъулҷамъ соле то 15 – 16 миллиард кВт.соат нерӯи барқ истеҳсол менамоянд, самар мегиранд», – баён мегардад дар муроҷиатнома.

Дар идома гуфта мешавад, беш аз 90 фоизи истеҳсоли барқи Тоҷикистон ба маҷрои дарёи Вахш ва захираи об дар обанбори Норак вобастагӣ дорад. Вақте дар фаслҳои гарм маҷрои дарёи Вахш зиёд мешавад, нерӯгоҳи Норак аз ҳисоби оби маҷрои дарё кор мекунанд ва оби зиёдатӣ дар обанбор барои тирамоҳу зимистон  захира карда мешавад. Мутобиқи ҳисоботи оморӣ, ба ҳисоби миёнаи мушоҳидаҳои ҳарсола дар фаслҳои гармо ва серобии дарё ба обанбори Норак дар ҳар сония то 2000-3000 мукааб метр  ва баъзан аз ин ҳам бештар об ҷорӣ мешавад. Дар давраи зимистон бошад, воридоти об то ба 100- 150 мукааб метр.сония кам  мегардад. Ана дар ҳамин овон лозим меояд аз  оби захиравӣ, яъне обанбор  истифода бурд. Барои пурра  кор кардани НБО-и Норак 1300 мукааб метр . сония об лозим аст.

Тибқи ҳисобҳои мутахассисони ширкати «Барқи тоҷик», оби обанбори Норак дар шароити мӯътадили обу ҳаво ба 112 шабонарӯз мерасад. «Ҳол он ки фасли камобӣ дар ҷумҳурии мо 200 рӯз ва агар тирамоҳу баҳор хунук биёянд, аз ин ҳам зиёд идома меёбад. Вобаста бар ин, агар дар интиқоли барқ маҳдудият ҷорӣ нагардад, аз нимаи дуюми моҳи январ сар карда, ҳам иқтисодиёт ва ҳам аҳолӣ, амалан муддати дароз бе нерӯи барқи барои истеҳсолот зарурӣ ва бе рӯшноиву гармӣ мемонанд», – омадааст дар муроҷиатнома.

Дар ҳамин ҳол, дар ширкати «Барқи тоҷик» содироти нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя дар ин давраро рад месозанд. «Мутобиқи шартнома бо кишвари ҳамсояи Афғонистон, мо дар фаслҳои гарм, ки барқи зиёдатӣ дорем, ба кишвари ҳамсояи худ ҳар шабонарӯз ба миқдори то 250 то 300 МВт барқ медодем. Дар фасли зимистон бошад, мо интиқоли барқро қатъ намуда, барои ҳифзи хатҳои интиқоли барқ ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ онҳоро ба андозаи то 10-15 МВт зери шиддат мемононем», – таъкид мегардад дар муроҷиатнома.

Дар фарҷоми муроҷиатнома ширкат аз тамоми истеъмолгарон дархост мекунад, ки ба истифодаи нерӯи барқ сарфакорона муносибат намоянд.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз санаи 7-уми октябри соли равон дар манотиқи кишвар реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ гардид. Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик» феълан манотиқи деҳоти кишвар шабонарӯзӣ 14 соат – аз соати 4 то 10-и субҳ ва аз соати 16 то 24-и шом бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. Ба шаҳру маркази ноҳияҳо нерӯи барқ мунтазам интиқол дода мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...