Имрӯз дар доираи чорабиниҳои Ҷашнвораи V-уми байнулмилалии кинои «Дидор» дар Душанбе бо коргардони маъруфи кинои тоҷик Давлат Худоназаров вохӯрии журналистон доир мегардад. Интизор меравад, ки коргардон танҳо доир ба кино ибрози андеша намуда, фаъолияти синамогарони тоҷикро ба риштаи таҳлил хоҳад кашид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии ҷашнвораи «Дидор» Зафар Абдуллоев хабар дод, санаи 17-уми октябр созмондиҳандагони ҷашнвора бо иштироки актёри шинохтаи тоҷик, дорандаи Ҷоизаи байнулмилалии ИДМ «Ситораҳои Иттиҳод» Муҳаммадалӣ Маҳмадов низ нишасти хабарӣ доир карданд.
«М.Маҳмадов аз васоити ахбори оммаи ватанӣ шикоят кард, ки ба кинои миллӣ кам таваҷҷӯҳ зоҳир месозанд. Феълан кинои тоҷик дар ҳоли таназзул қарор дошта, эҳтиром ва дастгирӣ аз ҷониби давлатро тақозо мекунад. Агар дар Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам мебуд, коргардонҳои шинохтае чун Валерий Аҳадов, Бахтиёр Худоназаров, Ҷамшед Усмонов ва Марям Юсуфова ба ин ҷо омада, филм меофариданд», – гуфт З.Абдуллоев.
Ба қавли Зафар Абдуллоев, дар зарфи се рӯзи кори ҷашнвора ҳудуди 40 филм ба маърази тамошо гузошта шуда, боз намоиши 10 филми дигар боқӣ мондааст. «Дар фарҷоми кори ҷашнвораи филмҳои «Дидор» бо иштироки коршиносону мутахассисони соҳаи кино таҳти унвони «Кинои Тоҷикистон аз нигоҳӣ таҳлили байнулмилалӣ: Оё ба оянда умед аст?» мизи гирд доир мегардад», – афзуд котиби матбуотии ҷашнвора.


