Тавсияи ЮНЕСКО ба кишварҳои ОМ оид ба маълумоти ибтидоии кӯдакон

Date:


Дар гузориши ЮНЕСКО таҳти унвони «Истифодаи маълумот дар амал» гуфта мешавад, қариб чор миллион нафар шаҳрвандони ҷавони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин Аврупои Марказиву Шарқӣ маълумоти ибтидоӣ надошта, аз малакаҳои касбӣ бархӯрдор нестанд.

Дар гузориш зикр мегардад, ки ин нафарон ба имкони алтернативии азхудкунии малакаҳои заминавӣ барои пайдо кардани ҷойи кор ва даромад ниёз доранд.

«Барои пайдо намудани ҷойи кори шоиста ба ҷавонон малакаҳое заруранд, ки онҳо дар мактаби ибтидоӣ азхуд мекунанд. Ҳалли ин масъала дар ояндаи наздик ба гумон аст. Дар ин минтақаҳо зиёда аз 1 млн. нафар кӯдакон ва 1,5 млн. нафар наврасон аз таҳсил дар мактабҳо канор мондаанд», – омадааст дар гузориш.

Муаллифони гузориш ба кишварҳои ин минтақаҳо тавсия додаанд, ки барои азхудкунии малакаҳои бунёдӣ ба ҷавонон шароит фароҳам оваранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...