Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон барои сафар ва дидору маърӯза бо ибодаткунандагон дар Русия танҳо ба аъзои Шӯро ё намояндагони иттиҳодияҳои диние, ки тобеъи Маркази исломӣ мебошанд, мактуби расмӣ дода метавонад.
Дар мусоҳиба бо islamnews.tj раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода дар ин робита изҳор кард, ки мо танҳо ба аъзои Шӯро ё имомхатибони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ номаи расмӣ дода метавонем. «Мо барои пешниҳоди чунин мактуб ба мақомоти динии ғайрирасмӣ ҳуқуқ надорем», – гуфт ӯ ва илова намуд, ки ин ба бародарон Тӯраҷонзодаҳо ва раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ низ дахл дорад.
Раиси Шӯрои муфтиҳои Русия, шайх Равил Гайнутдин дар мулоқот бо раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, ки рӯзи 15-уми октябр дар Маскав доир гардид, изҳор карда буд, ки агар намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва дигар мақомоти динии Тоҷикистон аз Шӯрои уламо мактуби расмӣ надошта бошанд, ҳеҷ кадоме аз муассисаи исломии Русия ба онҳо ба сифати минбари маърӯзаву таблиғот пешниҳод нахоҳад шуд.
Шайх Равил Гайнутдин он замон ҳамчунин зикр карда буд, ки дар ин хусус ба онҳо аллакай чанде аз афроди динӣ ва сиёсии номаълум аз Тоҷикистон барои вохӯрӣ бо муҳоҷирони тоҷик муроҷиат кардаанд, вале дархости онҳо рад карда шудааст.
Дар Тоҷикистон фаъол шудани муборизаи сиёсӣ баҳри мавқеи мусбат пайдо кардан миёни муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ки тибқи баъзе маълумот ба 2,5 млн. нафар наздик мешавад, ба мушоҳида мерасад.
Қобили зикр аст, ки қаблан руҳониёни маъруфи кишвар бародарон Тӯраҷонзодаҳо, намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва якчанд ҳайатҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон низ ба манотиқи гуногуни Русия сафар намуда, бо муҳоҷирон мулоқоту вохӯриҳо доштанд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи сешанбе Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили МН, бо раиси Шӯрои муфтиҳои Русия, шайх Равил Гайнутдин вохурӣ анҷом дод.
Равил Гайнутдин аз вохӯриҳо ва ҳамкориҳои густардаи масъулини динии Русия бо бародарони тоҷики хеш изҳори қаноатмандӣ намуда, онро ба манфиати масалмонони ду кишвар донист.
Ӯ аз вохӯриҳои қаблии хеш бо раиси Марказии исломии Тоҷикистон, ҷаноби Сайидмукаррам Абдулқодирзода ва сафари бародарон Тураҷонзодаҳо ба Русия ёдовар шуда, онҳоро иқдомҳои муҳим барои шиносоии бештар ва таҳкими дустиву бародарии миллатҳо ва кишварҳо номид.
Инчунин, ҷаноби Гайнутдин аз мавқеъи муътадилу созандаи ҲНИТ ва фаъолияти муассири фарҳангиву равшангароии он дар байни муҳоҷирин ва миллатҳои сокини Русия ҷонибдорӣ намуда, саҳми тоҷиконро дар рушди фарҳанги исломӣ қобили аҳамият донист.





