Дар пойтахти Тоҷикистон муаррифии маводи ғизойии ҳудуди 20 ширкати Белорус доир мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, маросими муаррифии маҳсулоти ғизойии ширкатҳои Белорус 30-юми октябр дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» баргузор мегардад.
«Дар маросими муаррифӣ аз ҷумла маснӯоти қаннодӣ, нӯшокиҳои спиртӣ ва маҳсулоти тамоку пешкаш хоҳанд шуд», – гутфанд дар ПСС ҶТ.
Ба иттилои манбаъ, чорабинии мазкур аз ҷониби сафоратхонаи Белорус дар Душанбе дар ҳамдастӣ бо Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба хотири густариши ҳузури маҳсулоти Белорус дар бозори Тоҷикистон ва ҳамчунин дарёфти шарикони ҳамкорӣ барои ширкатҳои белорусӣ дар Тоҷикистон созмон дода мешавад.
Зимнан зикр гардид, ки дар баробари ширкатҳои Белорус ҳудуди 50 ширкатҳои истеҳсоли маҳсулоти ғизойии Тоҷикистон низ маҳсулоти худро ба маърази тамошо хоҳанд гузошт.


