Зиндони маркази пойтахт ба дигар ҷой мекӯчад

Date:


Дар шаҳри Ваҳдат, ки дар 20 километрии шарқи Душанбе воқеъ аст, сохтмони муассисаи ислоҳии нави низомаш шадид барои 2 ҳазор нафар маҳбусон идома дорад. Ба ин муассиса маҳбусони муассисаи ислоҳотии ЯС 3/1-и маркази пойтахт кӯчонида мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҷумҳурӣ иттилоъ дод, лоиҳаи муассисаи нав аз ҷониби як ширкати булғорӣ таҳия гардида, сохтмони он баъди ду сол ба итмом мерасад.

«Муассисаи ислоҳии Душанбе соли 1935 бунёд гардида, барои 1,5 ҳазор нафар маҳбусон пешбинӣ шудааст. Сарфи назар аз таъмири ҳарсола, бино кӯҳнаву корношоям гардида, ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ нест», – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти сарраёсати мазкур, аз ҷониби онҳо барои ҷудо кардани қитъаи замин ҷиҳати сохтмони бинои нави тавқифгоҳи муваққатии Вазорати адлия низ дархост пешниҳод гардидааст, зеро ин иншоот ҳам дар қаламрави пойтахт воқеъ буда, қобили қабул нест.

Ба иттилои манбаъ, ғайр аз ин, сарраёсат дар қаламрави шаҳраки Роҳатӣ, дар наздикии дармонгоҳи ҷумҳуриявии бемории сил барои маҳбусон дармонгоҳ бунёд мекунад, ки аз се ошёна иборат буда, барои 100 нафар беморон пешбинӣ шудааст. «Мо тасмим гирифтем, ки дар назди сарраёсат дармонгоҳи табобати бемориҳои сил бунёд созем, зеро шумори фавтидагон бар асари ин беморӣ дар зиндонҳо хеле зиёд аст», – изҳор дошт сарчашмаи хабар.

Бино ба маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, ба санаи ахири соли 2010 дар Тоҷикистон 19 муассисаи ислоҳӣ амал мекунад, ки шаш адади онҳо тавқифгоҳи муваққатӣ, 8 ададашон муассисаҳои ислоҳии низоми гуногун, як муассисаи ислоҳии тарбиявӣ барои ноболиғон, як зиндони занона ва се муассисаи сукунат мебошанд.

Ҳамасола ба муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ ҳудуди 2 ҳазор нафар маҳбусон ворид мешаванд. Дар маҷмӯъ, бо назардошти афроди таҳти тафтишот қарордошта, судшавандагон ва маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳӣ ҳудуди 9 ҳазор нафар ҳузур доранд.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...