Таътили тирамоҳии толибилмон бекор шуд

Date:


Вазорати маориф, ки ҳанӯз чанде пештар истироҳат барои толибилмон аз 1 то 8-уми ноябрро ваъда карда буд, имрӯз тасмим гирифт, ки таътили тирамоҳӣ барои хонандагони макотиби таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла барои хонандагони синфҳои ибтидоиро низ бекор намояд.

Дар Вазорати маорифи ҷумҳурӣ сабаби чунин тасмимро ба зимистони сарди оянда нисбат медиҳанд. Интизорӣ меравад, ки аз ҳисоби таътили тирамоҳӣ таътили зимистона ба муддати як ҳафта дароз карда мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати маълумоти томактабӣ ва маълумоти миёнаи Вазорати маорифи ҶТ Абдусамад Муллоев хабар дод, вазорат огоҳ шудааст, зимистони имсола сард хоҳад шуд. «Дар робита ба ин, тасмим гирифта шуд, ки таътили тирамоҳӣ бекор ва таътили зимистона, ки аз 1-уми январ оғоз мегардад, дарозтар карда шавад», – иброз дошт Муллоев.

Номбурда афзуд, аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба вазорат супориш дода шудааст, ки таътили тирамоҳии толибилмон бекор карда шавад, «вазорат бошад, танҳо мақомоти иҷроия аст».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...